Холиқзода раиси Панҷакент таъин шуд (видео)

Абдухолиқ Холиқзода раиси шаҳри Панҷакент таъин шуд ва дар ин вазифа ӯ Ислом Зиёзодаро иваз кард.

Тавре ки як манбаъ аз Ҳукумати Тоҷикистон ба Pressa.tj хабар дод, фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз имзо шуд. Инчунин, Ашӯралӣ Ҷалилзода раиси ноҳияи Деваштич таъин гардидааст.

Ҳоло Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар Панҷакент қарор дорад ва раиси навро муаррифӣ мекунад. Баъд аз Панҷакент раисони ноҳияи Деваштич ва Шаҳристон муаррифӣ хоҳанд шуд.

Ашӯралӣ Ҷалилзода, ки қаблан раиси ноҳияи Шаҳристон буд дар симати наваш Сулаймон Зиёзодаро, ки вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст, иваз хоҳад кард.

Абдухолиқ Холиқзода то ин муддат директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *