Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хомӯшӣ: Короновирус рӯза ва таровеҳро аз сар соқит намекунад! (видео)

Рӯҳонии Тоҷик Ҷамолиддин Хомӯшӣ дар робита ба баста шудани дари тамоми масоҷиди кишвар дар моҳи шарифи Рамазон сухан гуфта, иҷрои намози таровеҳро дар хона зарур донист.

Доир ба масҷидбандиҳо, рӯза доштан дар даврони вабо, таровеҳи беҷамоат, вақтгузаронӣ дар моҳи муборак ва айёми карантин, тақвимҳои беҳисоби рамазонӣ ва дигар масоилҳои доир ба моҳи Рамазон, ки аксарият посухашро меҷустанд домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ дар як суҳбати ихтисоси ба сомонаи “Pressa.tj” посух дод. Бино ба иттило домулло Хомӯшӣ навобаста аз вазъияти баамаломада мусалмонон вазифадоранд, ки дар баробари рӯза гирифтан намози таровеҳро дар хона бо аҳлу оила иҷро кунанд. Тавре худи домулло қайд мекунад:

“Ин вабо, ки онро коронавирус ё “COVID-19”  мегӯянд, на фақат кишвари моро ба ташвиш овардааст, балки имрӯз дунёро фаро гирифтааст. Масъалаи муваққатан баста шудани масоҷид на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми кишварҳои мусалмонӣ пеш омадааст. Бузургтарин масоҷиди олам ва ҳатто дари Макка ба рӯйи намозгузорон баста мебошад. Албатта, ин дар баробари далели илмиву мантиқӣ далели динӣ низ дорад. Худованди Маннон дар сураи “Бақара” мефармояд, ки “Худро ба дасти худ ба вартаи ҳалокат наандозед”. Ҳамин ояи Қуръон далели шаръӣ аст, ба хотире, ки олимон бисёр таъкид мекунанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам гаштугузор накунед, зеро сироятёбӣ ва паҳншавии ин вирус дар чунин маконҳо зиёдтар аст. Масҷидбандиҳо бо тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аст ва ин ҳама ба хотири амнияти тандурустии мардум мебошад”.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.