Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хонаат сӯзад Толиб, бачаат мурад Толиб!!! Чаро духтаронро ба ғуломӣ мегирӣ?

Ин нидои дилхарошу ҷонсӯзи волидони духтарони 12 солааест, ки Толибон онҳоро зӯран ба ғуломӣ гирифтаанд

Ин нидои дилхарошу ҷонсӯзи волидони духтарони 12 солааест, ки Толибон онҳоро зӯран ба ғуломӣ гирифтаанд.

Ай, дод аз дасти ин қотилони даҳр, ки синаҳоро дарониданду хуни бағайри ҳақ рехтанашон бас набуд, ки боз ба бачабозиву ба ғуломӣ хондаи духтарони ноболиғ даст зада дуд аз димоғи волидони ин тифлакони маъсум мебароранд.  Бо иттилои Daily Mail, ки такя ба манобеъи муътамад менависад, фаромндеҳони мусаллаҳ рӯйхати занонро аз пирони минтақаҳои ишғолкарда талаб карда, онҳоро бо зӯрӣ ба сарбозонӣ худ издивоҷ  менамояд. Ин яроқдорони ба ном мусалмону ҳомии дини ислом, ки аз он бӯе набурдаанд, бо роҳҳои таъзиқу фишор ба хонаҳои сокиони маҳаллӣ рафта, духтарони ҷавонро мегиранд.

Пештар ин девсиратони одамсурат бо роҳҳои зӯриву фишор наврасон ва занони бешавҳари  аз 15 то 45 сола ро мерабуданд ва ба ҳар васила ба ҷангиёни худашон пешкаш менамуданд.

Бинорбар ин аксари оилаҳои фирорӣ танҳо бо афзудани ҷабру зулму бедодгариҳои Толибон маҷбуранд, хонаву дари худро гузошта рӯ ба гурез оваранд. Маҷаллаи Daily Mail қиссаи як рӯзноманигори 22 солаи афғонро нашр намуд, ки дар он читавр азобу шиканҷа дидани ӯро аз ҷониби Толибон баён сохтааст. Ин духтар ҳамроҳи амакаш  аз шаҳри забтшуда  гурехтааст, то аз он беномусиву таҷовузи ин вуҳуштинатон паноҳ ёбад. Як рӯз пеш аз фирор ӯ аз мудир иттилое гирифт, ки аз ӯ ва занони дигар хоҳиш кардааст,то манзили зисташонро тарк кунанд. Рӯзноманигор ба ҳамсоядеҳа паноҳ бурд. Аммо сокинои маҳаллӣ аз тарси ҷони худ ӯро   ба  Толибон таслим карданд. Сипас ӯ маҷбур шуд ба минтақаҳои дурдаст гурезад.

Дар сурате, ки Толибон ҳанӯз сари қудрат наомадаанд, ба чунин зишткориҳову палидиҳо даст мезананд, баъди сари қудрат омадану ҳукмрон шуданашон чӣ балое боли халқи бечора бор мекарда бошанд?! Худоё аз ингуна балоҳои охирзамон мардуми ин сарзаминро дар паноҳат ҳифз намо!!!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.