Хонасӯзи хонаҳоро сӯзониданд!

Имрӯз аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии сӯзонида несту нобуд кардани маводи нашъадор доир гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳузури намояндагони расонаҳои хабарӣ, мақомоти прокуратура, суд ва дигар ташкилоту идораҳои марбута зиёда аз як тонна навъҳои гуногуни ин бори марговарро тариқи сӯзонидан маҳву нобуд намуданд.

.
Аз ҷумла, 34 кг 390 гр героин, 214 кг 563 гр афюн, 605 кг 483 гр бангдона, 272 кг 504 гр ҳашиш ва дигар намуди моддаҳои нашъадор сӯзонида несту нобуд карда шуданд.


Қайд кардан зарур аст, ки солҳои охир кормандони милитсия муборизаро алайҳи роҳҳои муосири истифодаи маводи мухаддир пурзур намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳазорҳо дона ҳабҳои нашъадори синтетикӣ, ки истеъмоли он ба ҳаёту саломатии одамон таҳдид мекунад, дарёфт ва мусодира менамоянд.

Дар чорабинии мазкур ҳабҳои нашъадори синтетикӣ низ маҳв карда шуданд.

Аз ҷумла, 216гр, “Амфетамин” 1кг 971 “Метамфитамин” 1кг 946 гр “Метадон” 1кг 127 гр “Алпразолам” тариқи сӯзонидан нест карда шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки маводҳои нашъадори сӯзонидашуда, он далелҳои шайъие буданд, ки аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоб мусодира гардидаву нисбаташон ҳукми суд содир гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *