Хоруғ: Футбол бо сангзанӣ анҷом ёфт

Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри як иттилоия сангзанӣ дар шаҳри Хоруғро шарҳ дод, ки дар пайи он беш аз 20 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, санаи 19-уми сентябр, соати 19:00 дар майдончаи варзишии МТМУ №2, воқеъ дар маҳаллаи «Гулакен»-и шаҳри Хоруғ байни дастаҳои маҳаллаҳои «Гулакен» ва «Хоруғи боло» бозии нимфиналии футбол баргузор гардид.

Баъди ба анҷоми бозӣ соати 20:00 байни мухлисони маҳаллаҳои Гулакен ва Хоруғи боло муноқишаи гурӯҳӣ ба амал омад.

Дар натиҷаи сангзанӣ аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 20 адад шишаҳои тирезаи МТМУ №2, 7 шишаҳои хонаҳои истиқоматӣ, 6 адад автомашинаи шаҳрвандон зарари техникӣ бардошта, 6 адад тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 шишаҳои тирезаи бинои БДА «Амонатбонк» шикастааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати гурӯҳи авбошон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *