Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хоруғ: баландтарин байрақи ҷаҳон насб карда шуд.

Ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дар маркази шаҳри Хоруғ байрақе насб карда шуд, ки баландтарин дар ҷаҳон аст.

Ин байрақ дар баландии аз сатҳӣ баҳр насб шудааст. Шаҳри Хоруғ дар баландии 2 200 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Байрақ 32 метр баландӣ доошта, ҳаҷми он 8 х 4 аст ва аз матоъи хушсифат сохта шудааст. Ин меъморӣ аз ҷониби ширкати «Talco», ки калонтарин корхонаи алюминиумбарорӣ дар кишвар аст бунёд шуд.

Байрақро бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 27 июн ҷашн гирифта мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон боло бардошт ва изҳор намуд, ки ин байрақ рамзи Сулҳ ва ҳамбастагии тамоми мардуми кишвар мебошад. Фардо дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ ҳамоиш ва консерти театрикунонидашуда бо иштироки Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, ки дар он қариб 15 ҳазор сокинони вилоят ва тамоми ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.