Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хосияти негнотӣ номаашро ба Президент расонд

Мақомоти шаҳрдории Панҷакент рӯзи 13 сентябр ба хонаводаи Хосият ном наврасе, ки як рӯз қабл пеши роҳи мошини Президентро гирифта, номаи шикоятияшро шахсан ба дасти Эмомалӣ Раҳмон супурд, орду равғану маҳсулоти дигар ва 10 ҳазор сомонӣ пул кумак расондаан.

Дар ин бора Умед Ҳабибов, раиси дастгоҳи шаҳри Панҷакент хабар додааст.

Падари Хосият чанде пеш аз олам чашм пӯшидааст ва Хосияту модараш бесарпаноҳ мондаанд. Хосият дар номааш аз Президент хостааст, ки ба онҳо барои соҳиби ягон сарпаноҳ шудан ва ё ҷудо кардани ягон қитъа замин кумак кунад.

Рӯзи 12 сентябр Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими 5500-солагии Саразм аз Панҷакент боздид кард. Баъди ифтитоҳи меҳмонхонаи «Саразм Плаза”, вақте корвони мошинҳои Президент ба роҳ мебаромад, Хосият садди кормандони милиса ва амниятро убур карда, ба тарафи корвони мошинҳои Президент давид ва «Пешвои миллат дар кадом мошин?” гуфта, фарёд кард.

Муҳофизони Президент талош кардаанд, ки пеши роҳи Хосиятро бигиранд, вале Эмомалӣ Раҳмон мошинашро манъ карда, амр додааст, ки «монед, биояд!” Хосият ба назди Президент омада, бо эҳсос бо вай чанд ҷумла радду бадал кардааст ва як коғазро ба дасти Президент супурдааст.

Ӯ нома ба Президентро аз қабл дар хонаи иҷораашон навишта, ба маҳалли боздиди Президент омадааст, то шахсан ба дасти Эмомалӣ Раҳмон бидиҳад.

Корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон баъди суҳбати кӯтоҳи ӯ бо Хосият ва гирифтани номааш ба роҳи худ идома додааст. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи Президент гуфтааст, ки ин нома феълан дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Хосияту модараш аслан аз деҳаи Некнот буда, ҳоло дар шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекунанд. Ӯ дар мактаби №71 бо баҳои аъло таҳсил мекунад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.