Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ховалингиҳо Зиёни хитоиро назадаанд

Се сокини ноҳияи Ховалинг, ки дар латукӯби як шаҳрванди Чин гумонбар дониста мешуданд, аз ҷавобгирии ҷиноӣ озод шуданд.

Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ховалинг рӯзи 25 июл дар як нишасти хабариаш гуфт, тафтишот гунаҳгор будани шаҳрвандонро собит накард ва гумонбаро аз ҷавобгарӣ озод шуданд. Додситонии вилояти Хатлон моҳи март хабар дод, ки алайҳи се сокини ноҳияи Ховалинг барои латукӯби як шаҳрванди Чин Ванг Зиён парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ба гуфтаи доситонӣ, ҳодисаи латукӯби шаҳрванди Чин авоили соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти «Лоҳутӣ»-и Ховалинг сурат гирифтааст ва сокинони ин ноҳия Комрон Шамолов,Зубайдулло Раҳматуллоев ва Амихон Хоҷаев корманди чинии ширкати «Синохидро Тоҷикистон»-ро латукӯб намуда ва телефони ҳушманди навъи «Дуелс»-ро аз ӯ гирифтаанд. Ширкати чинии «Синохидро Тоҷикистон» масъули бозсозӣ ва таъмири 48 километр роҳи Восеъ-Ховалинг мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.