Марги 26 корманди тиб дар Хатлон. Сабаб – коронавирус ё дигар?

Аз моҳи майи соли ҷорӣ ба ин сӯ аз бемории илтиҳоби шуш ва коронавирус 26 корманди соҳаи тиб дар вилояти Хатлон фавтиданд. Аз ин шумора 14 нафарашро духтурони дорои маълумоти олӣ ташкил дода, боқимонда кормандони миёна ва хурди тиб мебошанд.

Раҷабзода Мирзоалӣ, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон имрӯз, 15-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, сабаби фавти 26 корманди соҳаи тиб ин гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ва коронавирус мебошад. Ӯ мегӯяд, аз шумораи умумии табибони фавтида, ду нафар аз коронавирус ҷон додааст. Вай афзуд, 358 корманди соҳаи тиб гирифтори бемории илтиҳоби шуш шуданд, ки аз ин 162 табиб, 159 ҳамшира, 31 корманди хурди тиб ва шаш корманди техникӣ мебошанд.

«Раҷабзода Мирзоалӣ афзуд, ҳоло дар вилояти Хатлон вазъият хуб аст. Аммо мушкили асосӣ ин риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби сокинон аст. Ӯ мегӯяд, пӯшидани ниқоб аз ҷониби нафароне, ки барангезандаи бемории коронавирус мебошанд, ба таври лозима риоя намешавад. “Ин рафтори онҳо метавонад мушкили ҷиддӣ эҷод кунад”, — афзуд вай.
Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *