“Хуҷанд”-и Тоҷикистон “Нефтчӣ”-и Қирғизистонро шикаст дод

Дастаи “Хуҷанд”-и Тоҷикистон дар бозии ҷавобии худ, дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Бозии мазкур шоми 26 феврал дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

“Хуҷанд” бо ин ғалабаи худ ба ҷоми АФК 2020 роҳ ёфт.
3 голи ин бозиро ҳамлагари ин даста Дилшод Бозоров ба дарвозаи рақиб зад. Барои тамошо ва дастгирии дастаи “Хуҷанд” дар баробари мухлисони сершумор раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ омада буд.

Ёдовар мешавем, ки даври аввали ин бозӣ санаи 18-уми феврал дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон баргузор гардид ва ба ҳисоби
1 бар 0 ба фоидаи мизбон анҷом ёфта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *