Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хуҷанд: Бо дастгирии Tcell мусобиқаи ҷумҳуриявии дучархаронӣ баргузор шуд

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаҳои ҷумҳуриявии велосипедронӣ дар шоҳроҳ ва трек баргузор гардид. Дар сабқати дучархаронӣ дар шоҳроҳ қариб 60 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Ғолибони мусобиқа бо нишону сипосномаҳо аз ҷониби ширкати Tcell, Федератсияи велосипедронҳои ҶТ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Бино ба қавли Президенти Федератсияи велосипедронҳо ва ҳамзамон сарвари кулли ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев, натоиҷи варзишии дучархасаворон аз мусобиқа то мусобиқаи дигар беҳтар гардида, дар оянда ният доранд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боз ҳам дар сатҳи беҳтар сабқат намоянд.

Ширкати мухобиротии Tcell сарпарасти аслии Федератсияи велосипедронони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ширкат дастгирӣ ва кӯмаки молиявии чорабиниҳои варзишӣ аз аҳамияти муҳиму масъулияти иҷтимоӣ бархӯрдор мебошад. Бо тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баргузориву дастгирии мусобиқоти варзишӣ, Тcell саҳми худро дар ташаккули миллати солим ва ҷомеаи солим мегузорад.

Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи велосипедронони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Кумитаи ҷавонону варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Tcell гузаронида шуд.


Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.