Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хуҷанд: Пирамард ҷавонро кушт

Марди 68-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки номбурда, санаи 5-уми апрели соли 2020, тахминан соати 18:05-дақиқа, дар назди меҳмонхонаи «Эҳсон»-и шаҳри Хуҷанд, бо марди 36-солаи сокини ноҳияи Деваштич вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.