Хуҷанд: Боз садамаи нақлиётӣ!

  25 июл тақрибан соати 18:30 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахт бархӯрдааст.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар натиҷа мусофири мошини мазкур марди 39-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари мошин марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия дар беморхона бистарӣ шудааст.
Инчунин 25 июл ронандаи трактори тамғаи  «ЮМЗ -6», марди 35-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Истиқлол, дар нишебӣ аз уҳдаи идора намудани трактор набаромада, онро чаппа намудааст. Дар натиҷа мусофири трактор ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *