Хуҷанд: Заводи протезию ортопедӣ кушода шуд

  Дар шаҳри Хуҷанд филиали заводи «Протезию ортопеди»-и шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд. Ин завод бо харҷи беш аз 83 ҳазор доллари сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон сохта шудааст.

 Масъулин мегӯянд аз ин баъд эҳтиёҷмандон дар ин завод бо дасту пойи сунъии ройгон таъмин мешаванд. Феълан беш аз 90 нафар сокинони вилояти Суғд дар навбат қарор доранд то ба онҳо дасту пойи сунъӣ гузошта шавад. Қаблан сокинони ин вилоят барои гузоштани дасту пойи сунъӣ ба шаҳри Душанбе сафар мекарданд.

 Ба гуфтаи онҳо минбаъд ҳам имконоти молӣ ва ҳам имконияти роҳ ба онҳо мусоид шуд, ки ба шаҳри Душанбе ва давлатҳои хориҷа нарафта дар вилоят ниёзи худро бароварда мекунанд.

                                                                                                                                                            Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *