Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ХУРОФОТЗАДАЕМ Ё ЗОМБӢ?

Аз қадим, аз бозе, ки дини мубини ислом дар ҷаҳон партавафшонӣ дорад, аксар муллою эшонҳо , махсуму шайх, ки аз илми дини софу поки исломи набавӣ огоҳӣ надоранд, мардумро хурофотзада кардан доранд.

Ҳамеша ба омма талқин мекарданд, ки ба ин дунёи ободу зебо, бунёдкорию созанда дил набанданд. Тоату ибодат, рӯзаю дигар суннатҳоро иҷро кунанду мудом талаби дунёи фардоинаро намоянд. Ҳатто баъзе хурофотзадаҳо дар ғору кӯҳҳо ҳаёти канорагирона ба сар бурда, бо меваю гиёҳҳои адирӣ рӯз мегузарониданд. Ҳамин хел дунёбезорӣ, коҳилӣ, ранҷу заҳмату меҳнате накашидан талқин карда мешавад. Бесабаб ҳам нест, ки ҳамаи ихтирооту навовариҳо то омӯзиши кайҳону колайдерҳо ба ғарбиён (хонда шавад номусулмонҳо) нисбат доранду халос.

Акнун биёед, ин сатрҳои Мавлавии Ҷалолиддини Балхиро гаштаю баргашта бихонем:

Ислом на фақат савму
салот аст,
Ислом низом ҳасту
ҳаёт аст.

Аз ҷониби худ мо ба шайху махсум, муллою эшонҳои хурофотзада таъкид карданием: ба гӯши террористону ифротгарони “Ихвон-ул-муслимин”, “Ансоруллоҳ”, “ҲНИТ”, “Толибон”, ДИИШ расонанд, ки аз илму амал, ободкориҳову созандагиҳои ҷомеаи имрӯза канорагирӣ, нафратҷӯӣ, бадгӯӣ, ихтилофу эътироз накунанд, худро чун маркабҳои ваҳшӣ, сагҳои дайдуи койотаи австралиягӣ хандахароши дигар мардуми худогоҳу созандаи ҳаёти ширину осоишта ва сазовори ақлу дониши бозофаринӣ дар намоиши мазҳакавӣ нагузоранд.

Нурулло Ҳасанов,
рӯзноманигор

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.