Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ХУРШЕД САТТОРОВ: ДАФТАРИ ҚАРЗҲОЯМРО СӮЗОНДАМ

Мо дар нашри навбатии барномаи интернетии “Корзина” доир ба вазъи тарроҳӣ ва тарроҳ дар замони пандемия, даромад аз тарроҳӣ ва сабукиҳои додашуда вобаста ба қабули сесолаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар намоишномаҳои байналмилалӣ, муштариёни доимо, моделҳо, дафтари қарзҳо, “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар Тоҷикистон, кор бо занҳо ва “ман”-гӯиҳо бо тарроҳи шинохта Хуршед Сатторов суҳбате доштем. 

БЕКОР ДАР ХОНА НИШАСТЕМ

— Вазъи тарроҳ ва тарроҳӣ дар замони пандемия чӣ гуна аст?

— Ҳеҷ, дар хона бекор нишаста будем, нав кор баромадем.

Шумо ниқоб дӯхтед?

— Бале

— Фурӯш чӣ хел аст?

— Мо барои фурӯш не, балки чанд маротиба 50 — тогӣ дӯхта хайр кардем.

— Ба киҳо хайр кардед?

— Дар беморхонаҳо супурдем ва онҳо ба ниёзмандон

— Дар онҳо ягон логотипи махсуси худро гузоштед?

— Не

“МАН”- ҲАСТАМ ВА КАСЕРО НОМБАР НАМЕКУНАМ

— Дар кори тарроҳӣ саҳми гурӯҳи муайяни одамон аст ва инро ҳамагон медонанд, аммо шумо дар дилхоҳ мусоҳиба ва намоишномаҳо “ман” мегӯед, чаро кори як гурӯҳро танҳо саҳми худ муаррифӣ мекуед?

— Вақте ки як нафар роҳбарӣ мекунад, он бояд “ман” гӯяд. Яъне “ман”-гӯиҳо дар дилзоҳ нафар “ман”-ро месозанд. Ва вақте ки “ман” нею “мо” гӯем, мардум роҳгум мезананд ва як нафари муайянро намешиносанд, ки дар натиҷа имиҷе пайдо намегардад.

— Яъне, ин ҳама “ман”-гӯиҳо барои имиҷ аст?

— Бале, аввал ном, баъд нон.

— Боре шудааст, ки маҳсулеро ҳосили заҳмати “мо” гуфта бошед?

— Бале, ман бисёр вақт маҳсули эҷодамонро “ин маҳсули “Хонаи мӯд”-и Хуршед Сатторов аст, гуфта, муаррифӣ  мекунам. Ва дар зери ин ҷумла ҳама нафароне, ки саҳм доранд, дохиланд.

— Шумо чӣ гуна унвони фахрии Донишгоҳи Пекинро ба даст овардед?

— Дар донишгоҳҳои шаҳри Пекин дар мавзӯи пайвастагиҳои мардуми Тоҷикистон бо мардуми Чин, яъне “Роҳи бузурги абрешим”лексия хондам. Дар бораи худам як филми кӯтоҳ нишон додам. Намоиши либосҳоямро ташкил кардам. Ва баъд аз ин ҳама ба ман унвони фахрии Донишгоҳи Пекинро лоиқ донистанд.

— Аз он ҳама намоиши либосҳое, ки берун аз Тоҷикистон мегузаронед, фоида ва зараре дидаед?

— Дар 20 соли фаъолияти эҷодиам зиёда аз 100 сафари ҳунарӣ доштам ва аз ин миқдор 80 — тои ин сафарҳо Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар дигар кишварҳо буданд, ки албатта, бо дастгирии Вазорати фарҳанг дар чунин намоишномаҳо иштирок кардем. Ва он сафарҳое, ки берун аз сафарҳои расмиянд, роҳкиро ва маблағи дар озмун иштирок карданро месупорем. Маблағи иштирок аз 500 то 1000 доллар аст. Ва аз ҷониби дигар маҳсули эҷодро нишон медиҳем, Ватанро муаррифӣ мекунем ва агар харидорон пайдо шаванд, баъзе либосҳоро мефурӯшем.

— Шумо чӣ кор кардаед, ки бо он фахр мекунед?

— Ҳунари аслии қадимаи мардуми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардаам.

— Ҳар касе, ки ба ҷое мерасад, ҳатман ҳастанд нафароне, ки ӯ бо ёрии онҳо то ин рӯзҳо расидааст. Бигӯед, ки бо ёрии киҳо шумо ба ин мартаба расидед?

— Ман касеро номбар намекунам.

ВАҚТЕ КИ “ПРОФЕССИОНАЛ” ПУШТИ АБР МЕМОНАД

— Соли 2018 Вазорати фарҳанг “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар Тоҷикистон”-ро аз чоп баровард ва дар он ҷо фикри шумо набуд, бигӯед, ки дар даруни қолаб нигоҳ доштани либосҳо дар як кишвари демократӣ чӣ хубиву бадиҳо дорад?

— Рост, дар он ҷо фикри ман набуд, зеро маро даъват накардаанд. Ман фикр мекунам, ки дар ҷомеаи демократӣ дар масъалаи либос пӯшидан бояд маҳдудиятҳо набошанд ва ҳар нафар метавонад либоси писанди худашро пӯшад. Ногуфта намонад, ки либос низ эҷодест, ки миллатро муаррифӣ мекунад.

— Шумо ҳамон дастурамалро ба даст гирифтед?

— Не.

— Эълон шудани 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба шумо чӣ сабукиҳо овард?

— Мардум ба либоси миллӣ ва кори мо бештар таваҷҷуҳ карданд ва талабот ба либосҳои мо зиёд шуд.  

— Масъалаи андоз чӣ?

— Ҳама он нафароне, ки дар хонаҳояшон ба дӯхтан машғул ҳастанд, аз андоз озод шуданд, ки ин ҳам ба мо як кумак буд, зеро мо бо чунин дӯзандаҳо бисёр ҳамкорӣ мекунем.

ДАФТАРИ ҚАРЗҲО

— Панҷ муштариёни машҳури шумо киҳоянд?

— Аз ман бисёр нафарони шинохта либос мегиранд. Агар “топ-5” муштарӣ гӯем, ба инҳо Зулайхо Маҳмадшоева, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фарзонаи Хуршед, Нигина Амонқулова ва Мадина Акназарова дохил мешаванд.

— Ҳолате шудааст ки як либосро ба як нафар як нарх ва ба нафари дигар бо нархи дигар фурӯхта бошед. Яъне, аз рӯи мансаб, мавқеъ ва ном муштариёнатонро ҷудо мекунед?

— Нарх барои ҳама як аст. Ман, пеш аз ҳама, баробариро дар ҷойи аввал мемонам. Нафароне буданд, ки шароити иҷора гирифтан надоштанд ва мо либосҳои даркории онҳоро бепул ба иҷора додаем. Яъне, кори мо аз ин ҷиҳат фарқият дорад.

— Мутаассифона, дар мо қарзгирӣ мӯд аст. Шумо бигӯед, ки оё дафтари қарзҳо доред ва мо номи кадоме аз нафарони маъмулу машҳурро аз он ҷо ёфта метавонем?

— Аз соли 2001 то 2010 як дафтари қарзҳо доштам ва баъд онро сӯзондам. Инак, 10 сол мешавад, ки дигар бо насия кор намекунам ва аллакай муштариёни ман хуб медонанд, ки ман қарз намедиҳам.

“БИКИНӢ” ВА КОР БО ДУХТАРҲО

— Мегӯянд, ки ҳамроҳи занҳо кор кардан душвор аст. Шумо ба кадом фикр ҳастед?

— Фикр мекунам, ки агар инсон корашро донад ҳеҷ душворие надорад. Барои ман бо духтарон кор кардан душворие надорад, зеро ман вазифаамро медонам ва онҳо ҳам ҳамчунин.

— Як “плюс” ва як “минус”-и кор бо духтарҳоро бигӯед.

Чеҳраҳое, ки духтарони тоҷик доранд, ба либосҳои ман ҳусни дигар мебахшанд ва онҳо метавонанд либосҳоро хуб муаррифӣ кунанд. Ҳангоми сабт ё суратгирӣ дер мекунанд, зеро бисёр дар ороишгоҳ меистанд.

— Назари шумо ба “бикини” чӣ гуна аст?

— Ин либоси тагпӯши аврупоӣ аст, ки хилофи урфу одати мо аст. Ман фикр мекунам, ки хоси мардуми мо нест, аммо, мутаассифона, баъзе моделҳои мо пӯшиданд.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.