Хуршеди Алидод, падари Ширинмоҳ Ниҳолова даргузашт

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳунраманди маъруфи тоҷик Хуршеди Алидод, падари сарояндаи маъруф Ширинмоҳ Ниҳолова аз олам даргузашт.

Дар ин бораи журналист Комилҷон Холов хабар дод. Марҳум 85 сол дошт.

Хуршеди Алидод аз тоҷикони Афғонистон аст, ки дар соли 1958, замоне ки 20 сол дошт, тарки зодгоҳ карда ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо шеваи хос сарояндагиву навозандагӣ мекард ва яке аз ҳунармандони соҳибмактаб шинохта мешавад.

Духтари Хуршеди Алидод сарояндаи маъруф Ширинмоҳ Ниҳолова аст, ки қабалн раққосаи ансамбли “Зебо” буд ва феълан дар гуруҳи “Авасто” фаъолият дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *