Хушбахт аз мусобиқаҳои ИМА 6 медал овард

Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мужда расонд, ки варзишгар Хушбахт Қурбонмамадови 23-сола дар се мусобиқаи гуштии ҷудо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаш медал – 2 тилло ва 4 биринҷӣ ба даст овард.
Хушбахт нахуст дар мусобиқаи “The Big Apple Judo Classic-2016” дар вазни то 66 кг мақоми аввалро ишғол карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Инчунин, ӯ дар ин мусобиқа дар вазни то 73 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Баъдан Қурбонмамадов дар мусобиқаи дигар «51-st Annual Dallas invitational Judo», ки дар Техаси ИМА барпо гардид, барои ҷойи сеюм медали бириҷӣ гирифт.
Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи «18-th Annual Northeastern Judo Championships» , ки дар иёлати Ню Ҷерсии ИМА доир шуд, боз соҳиби се медал гардид. Ӯ дар вазни то 66 кг барандаи медали тилло шуд, дар вазнҳои то 73 кг ва то 100 кг медалҳои биринҷӣ гирифт.
— Хушбахт Қурбонмамадов таҳти раҳбарии мураббии маъруфи русиягӣ Владимир Елчанинов, ки пештар барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 Расул Боқиевро машқ медод ва ҳоло устоди қаҳрамони Осиё Комроншоҳи Устопириён мебошад, тамрин мекунад, -афзуд Ширинҷон Мамадсафоев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *