Хушхабар ба муҳоҷирон: Роҳ ба Русия боз гардид!

Тавре Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳузури хабарнигорон гуфт, минбаъд , ҳар ҳафта 14 парвоз самти Тоҷикистону Русия ва баръакс сурат мегирад.

«Сар аз имрӯз, Тоҷикистон иҷозати амалӣ намудани 2 парвози ҳаррӯза самти Тоҷикистону Федератсияи Русияро гирифт. Минбаъд дар як ҳафта 14 ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ҳамарӯза 2 парвози самти Русия анҷом медиҳанд. «, — изҳор дошт вазир.

Қаблан ҷониби Тоҷикистон барои ба даст овардани иҷозатномаи амалӣ намудани парвозҳои ҳарруза ба Русия ба ҳукумати он кишвар муроҷиат намуда буд ва дар ин бора сомонаи “Пресса. тҷ» хабар дода буд. Ҷониби Русия ба муроҷиати Тоҷикистон посухи мусбат додааст.Ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон дар давраи пандемия аз 15 давлат беш аз 4 ҳазор тоҷикистониро ба ватан овард
А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *