Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хушвахтзода Қобилҷон, ректори нави ДМТ кист?

Хушвахтзода Қобилҷон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ки пештар декани факултети молиявию иқтисодӣ буд, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бора декани факултети журналистика Саъдӣ Маҳдӣ дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.

Бояд гуфт, ки Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 5-уми июни соли 1982 дар ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон дар оилаи муаллим таваллуд шудааст.

Таҳсилоти ибтидоиро соли 1989 дар мактаби таҳсилоти умумии №2 ноҳияи Данғара оғоз намуда соли 1999 бо муваффақият хатм намудааст.

Соли 1999 ба баъд аз хатми мактаби таҳсилоти умумӣ ба факултети баҳисобгирию иқтисодии ДДМТ (ҳоло ДМТ) дохил шуда, соли 2004 аз рӯи ихтисоси «баҳисобгирии бахгалтерӣ, таҳлил ва аудит» бо дипломи «аълочӣ» хатм намудааст.

Ассистенти кафедраи «Таҳлили иқтисодӣ ва аудит»-и факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2004-2011), муовини декан оид ба илм ва тарбияи ДМТ (2005-2009), муовини декан оид ба таълим дар шӯъбаи рӯзонаи ДМТ (2009-2013), и.в. мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2011-2012), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2013-2017), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ (2018-2019).

Аз моҳи феврали соли 2019 ба сифати декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ фаъолият намуда истодааст.

Барои хизматҳои шоиста ва тайёр намудани кадрҳои болаёқат солҳои 2003, 2006, 2010, 2014, 2018, 2019 Ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Соли 2012 Ҷоизаи ба номи И. Сомони барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (бахши иқтисодӣ). Соли 2012 Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли 2014 Диплом ва ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон сарфароз гардонида шудааст.

Муаллифи зиёда аз 170 маводҳои чопӣ. Мавзӯи асосии таҳқиқот ва пажуҳишҳои илмии ӯро масъалаҳои вобаста асосҳои назариявӣ-методологии маҳсулотҳои кишоварзӣ ҳамчун объектӣ низомӣ баҳисобгирӣ-таҳлилӣ, ташаккулёбӣ ва ташкили низоми баҳисобгирии таъминнамоии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир, таҳлили иқтисодӣ-омории рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили идоракунии соҳаи кишоварзӣ, баҳодиҳӣ ва таҳлилӣ таъсир ба рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва омилҳои ташкилӣ-истеҳсолӣ ба он таъсиррасон дар шароити иқтсодиёти муосир ва ғайра ташкил медиҳад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.