ИҶШС ин моем: Ҳақиқат дар бораи ҷанг

Баохиррасии Ҷанги Бузурги Ватанӣ —  санаи басо муқаддас ва муҳим барои кишварҳои пасошӯравӣ мебошад, ки якҷоя мубориза бурда,  машинаи фашистиро шикастанд ва ҳамчунин тамоми мардуми дунёро аз даҳшати натсизм раҳо карданд. .

Соли равон Русия ва Тоҷикистон, ҳамчунин кишварҳои дигар 75 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ҷашн мегиранд. Дар як вақт, рафтори баъзе кишварҳои аврупоӣ, ки гӯё барои дарёфти “ҳақиқат” дар бораи сабабҳои ҷанг касро ба ҳайрат меоварад.

Мисли ҳамеша, майдон барои баҳс боз ҳам  пакти  Молотов -Риббентроп мебошад. Ҳарчанд комилан маълум аст, ки ин ягона муоҳидаи байни кишварҳои аврупоӣ, Иттиҳоди Шӯравии онвақта бо Олмони фашистӣ набуд.

Таври маълум, соли 1934  Пилсудский ва Гитлер оид ба истифода набурдани қувва байни Полша ва Олмон пакт ба имзо расониданд. Баъд аз ин, соли 1935 Муоҳидаи баҳрии бритониёию олмонӣ ба имзо расид, ки Бритониё имкон дод, то Олмон соҳиби  флоти баҳрии худ гардад. Ҳамчунин декларатсияи англисию олмонии Чемберлин  ва Гитлерро, ки 30 сентябри соли 1938,  бо ризоият ва ташаббуси ходими давлатии бритониёӣ буд, декларатсияи франсӯзию олмоние, ки 6 декабри соли 1938 дар Париж байни вазири  корҳои хориҷии Олмон ва Фаронса баста шуд, фаромӯш кардан лозим нест.

Ба ғайр аз ин, муоҳидаи байни Ҷумҳурии Литва ва Олмон, ки 22 марти соли 1939 дар Берлин вазири корҳои хориҷии Литва ва Риббентроп,  вобаста ба минтақаи Клайпеда оид ба дубора пайвастани он ба Олмон ба имзо расониданд. Шартномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро, ки байни Олмон ва Латвия 7 июни соли 1939 баста шуд, ба ин ҳуҷҷатҳо  шомил кардан мумкин аст. Ҳамин тавр, шартномаи байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмон дар сафи охирин  ҳуҷҷатҳое буд, ки байни кишварҳои аврупоӣ ба хотири нигоҳ доштани сулҳу салоҳ  рӯи кор омад.

Тавре ки таърихшиносон шаҳодат медиҳанд, Иттиҳоди Шӯравӣ ба имзои ин шартнома танҳо вақте розӣ шуд, ки дигар ҳамаи имкониятҳо вобаста ба созмон додани системаи ягонаи бехатарии колитсияи зиддифашистӣ рад карда шуданд.

Боз як масъалае, ки дар майдони иттилоотӣ чандин бор зоҳир гардид, ин конфронси Мюнхен ва муоҳидаи Мюнхен буд,ки мувофиқи он бояд Судет (як қисмати ҳудуди Чехословакия) бояд ба Олмон дода шавад.

Аз маълумотҳои гуфтугӯии махфӣ дида мешавад, ки Иттиҳоди Шӯравӣ тайёр буд дар ин масъала ба Чехословакия кумак кунад ва он ҳам дар ҳоле ки Фаронса вазифаи худро иҷро кунад. Дар навбати худ ин кишвар кумаки худро ба Чехословакия вобаста ба он намуд,ки аз ҷониби Полша дастгирӣ ёбад. Аммо ин кишвар ҷавоби рад дод. Саволе ба миён меояд: ҳукуматдорони Полша, вақте ки Олмон ба як қисмати ҳудуди Чехословакия даъвогар шуданд, чӣ чораҷӯӣ карданд? Онҳо дар як вақт талаб карданд, ки ҳиссаашон  аз ин “сайд” дар вақти тақсим кардани Чехословакия дода шавад.

Ба ғайр аз ин, Полша  нақши таҳриккунандаро ба зимма гирифт ва Венгрияро низ ба тақсимоти Чехословакия, дидаю дониста  алорағми ҳуқуқҳои байналмилалӣ   шарик  кард. Минбаъд, таври маълум, Полша ва Венгрия дар таҳоҷум алайҳи Чехословакия бо Олмон якҷо шуданд. Фаронса ва Англия, ки мехостанд ба ин кор монеъ шаванд, амалан рӯ ба рӯи фронти ягонаи се кишваре, ки мехостанд Чехословакияро қисмат кунанд, қарор гирифтанд. Роҳбарони сиёсии ҷаҳон ин муоҳидаи  Мюнхенро,ки Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса бастанд, чӣ гуна баҳогузорӣ карданд?

Тавре далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ба ҷуз баъзе  истисноҳо, вокуниш мусбӣ ва оптимистона буд. Уинстон Черчилл, яке аз он нафарони ангуштшуморе буд,ки ба вазъият баҳои холисона дод. Ӯ дар Палатаи ҷамъиятии парлумони Британия  5 октябри соли 1938  баромад карда истода , гуфт: “Мо ҳамин ҳоло ба таври комил ва бегуфтугӯ ба мағлубият дучор шудем. Ҳама чиз ба охир расид. Чехословакия шикаст, ӯро ҳама тарк карданд ва хомӯшона гирифтори зулмот шуд. Вақте расидааст,ки ин ҳақиқатро дарк кунем. Худро фиреб додан бас аст.

Мо бояд ба ин  фалокат баҳои воқеӣ диҳем. Мо дар рӯ ба рӯи фоҷиаи бузург қарор дорем,ки ба сари Британияи Кабир ва Фаронса омад. Мо дар ҷанг иштирок накарда мағлуб шудем. Натиҷаи ин мағлубият боз хеле вақт эҳсос карда хоҳад шуд. Гумон накунед,ки таҳдид паси сар шуд,  ин ҳанӯз охири  кор нест, ин оғози ҳисобу китобҳост. Ин танҳо аввалин бонги хатар аст”.

23 сентябри соли 1938 Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври расмӣ изҳор намуд, ки дар ҳолати ҳуҷуми Полша ба Чехословакия  пакт оид ба ҳуҷум накардан ба ҳамдигар,ки байни Полшаю Иттиҳоди Шӯравӣ буд, эътиборашро гум мекунад. Кӯшишҳо барои созмон додани коаллитсияи зиддигитлерӣ ва пешгирӣ намудани оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бенатиҷа монд-СССР амалан танҳо монд ва маҷбур шуд воқеиятро қабул кунад, ки ин вазъиятро кишварҳои ғарбӣ ба миён оварда буданд.    

Тақсимоти Чехословакия хеле фоҷиабор ва хунсардона анҷом ёфт ва бояд ин  ҳақиқатро тасдиқ намуд, ки маҳз муоҳидаи Мюнхен гардиши асосӣ дар таърих шуд, ки баъд аз он Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ногузир гардид.

Ҳоло, вақте ки аҳдшиканона ҳайкалҳои ҷанговарони Армияи сурхро, ки зодгоҳашон кишварҳои пасошӯравӣ аст, мешикананд, маълум мешавад,ки ҳамаи инро ба хотири он мекунанд,ки далелҳои ҳамкории роҳбарони   ҳамондавраи баъзе кишварҳои аврупоӣ бо Гитлер  ошкор нагарданд.

Дар номаи шахсии У.Черчелл ба И. В. Сталин  аз 22 феврали соли 1945 навишта шудааст: “Армияи сурх 27 солгарди худро бо ғалаба қайд мекунад ва лоиқи чапакзаниҳои беохири иттифоқчиён мебошад. Наслҳои оянда низ, тавре ки мо имрӯз ба ин руз расида, шоҳиди ин муваффақиятҳои бузург ҳастем, қарзи худро дар назди Армияи сурх эътироф хоҳанд кард”.  А чуть позже Г.Трумэн на посту президента США скажет: «Мы глубоко ценим великолепный вклад, внесенный могучим Советским Союзом в дело цивилизации и свободы. Вы продемонстрировали способность свободолюбивого и в высшей степени храброго народа сокрушить злые силы варварства, как бы мощны они ни были».

Каме баъдтар  Г. Трумэн ба симмати Президенти ИМА мегӯяд: “Мо ба саҳми бузурги Иттиҳоди Шӯравии бузург барои дунёи мутамаддин  ва озодӣ арҷ мегузорем. Шумо  худро ҳамчун мардуми озодидӯст ва ба ҳадди олӣ  ҷасур,ки метавонад қувваҳои бадиро, чи қадаре ки  онҳо пурқувват набошанд, мағлуб созад, нишон додед”.

Мақола дар асоси маводҳои расмии www.kremlin.ru омода гардидааст

 Таҳияи А.Ҳоҷӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *