Иҷора ва як савол

Як савол: дар Тоҷикистон назорати хонаҳои иҷораро кадом ниҳод ба ӯҳда дорад?

— Ало…

— Нархаш ҳамон нарх (2500 сомонӣ), арзон намешавад.

— Ало…

— Ҷойи шудаш 2200 сомонӣ.

— Ало…

— Мо оилавӣ қабул мекунем, нархаш 3000 сомонӣ аст, 100 сомонӣ гузашт мекунем.

— Ало…

— Иҷораи мо 1600 сомонӣ буд, аз сабаби арзонияш кайҳо супоридем. 

— Ало…

— 1800 сомонӣ, агар арзон карданӣ бошед, намешавад. Ногуфта намонад, ки ашёи рӯзгор надорад.

— Ало…

— Нархи иҷора 22 000 сомонӣ…

Шаш маротиба “ало” гуфтани мо тахминан дар миёни 30 дақиқа сурат гирифт, ки вақтамонро барои иҷоракоби дар сомонаҳои Arzon.tj, Somon.tj ва Rg.tj сарф кардем.

Мо дар як кишваре зиндагӣ мекунем, ки агар як рӯз кор накунем аз гуруснагӣ мемирем, аз дар ду ё се ҷой кор накунем, иҷорапулиямонро дода наметавонем, агар шабурӯз дар бораи нонёбӣ ва иҷорапулӣ фикр накунем, шояд ба хонаи падар ё акаамон кӯч бандем, агар…

Мо аҷоибем, зеро дар сомонаҳои эълонӣ ба соҳибони иҷораҳои 2500-3000 сомона назар мекунему занг мезанем, вале имзоямон дар шартномаи меҳнатӣ зери рақами 1000 сомонӣ гузошта шудааст.

Дар ҳоли ҳозир бозори иҷора дар мо чунин бадбӯй ва ногувор аст, ки вой бар ҳоли иҷорагирандагон. Ва чизи аҷиб ин аст, ки ҳоло як хона доштан баробари ду диплом ва чанд ҳунар доштан аст. Бовар намекунед? Як нафар ду диплом дорад аз ду ҷойи кораш 2000 сомонӣ маош мегирад ва агар ҳунари сартарошӣ ҳам дошта бошаду шабҳо кор кунад мумкин 1000 сомонӣ дигар ёбад, вале як нафари иҷорадор дар хонаи дигараш нишаста ҳар моҳ 2500-3000 сомонӣ меёбад ва дар мавсими гармо харбузаву тарбуз хӯрда мешинад.

Хулоса, касе бозори иҷораро дар кишвар назорат намекунад, касеро парвое нест, гӯё ҳама чизу ҳама кор хуб аст.

Магар вақти он нарасидааст, ки соҳибхонаҳо низ аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор назорат шаванду ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайн — ҳам соҳибхонаву ҳам иҷоранишин риоя гардад?

Ҳафизуллоҳ  ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *