Иҷлосияи ғайринавбатии вакилони Душанбе

Иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душабе  даъвати панҷум 7 феврали соли 2017 соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 80 даъват карда мешавад.  Вобаста ба ин қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар иҷлосия ахбори муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе М. Зувайдзода дар хусуси рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2017» шунида мешавад.

Ҳамчунин дар иҷлосия масъалаҳои қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №62, таъйин намудани интихобот дар ин ҳавза ва таъсис додани комиссияи шаҳрӣ оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи пойтахт шунида ва баррасӣ карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *