Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Иброҳим Усмонов:“Шеъре, ки устод Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ гуфтаанд дарди дили ҳазорсолаи халқи тоҷик аст”

Субҳи 20–уми май бахшида ба 80–солагии шоири маҳбуби дилҳо Лоиқ Шералӣ ва зодрӯзи шоири ватандӯст Муъмин Қаноат дар оромгоҳи “Лучоб” маҳфили шеъру сухан доир гардид.

Дар он устодону донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шоирону нависандагон, намояндагони сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон, олимон, рӯзноманигорон, хонандагони мактабу литсейҳо ва фарзандону наберагони устодон Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат иштирок карданд.

Нахуст, дар сари турбати шоир Лоиқ Шералӣ гулчанбар гузошта шуд. Сипас, Сангин Гулов, устоди факултети журналистикаи ДМТ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба сари манзили абадии бузургон хайрамақдам гуфт. Зодрӯзи шоирони барҷастаи миллатро баҳри ҳозирин ва тамоми миллати тоҷик шодбош гуфта, таъкид кард, ки дар худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми эшон ниҳоят бузург аст. Пушту паноҳи онҳо бошад, устод Мирзо Турсунзода буд, ки ҳамеша ҳимояташон мекард ва барои дар мавзӯъҳои ватандӯстиву миллатхоҳӣ эҷод карданашон шароит фароҳам овардааст.

Устоди кафедраи матбуоти факултети журналистика Шарифзода Қироншоҳ дар нутқи худ иброз дошт, ки барои факултети журналистика ифтихор аст, ки ҳар сол дар зодрӯзи устод Лоиқ Шералӣ чунин маҳфилро ташкил мекунад. “Имрӯз чунин ташаббус дар ҳар як минтақаи диёр ва берун аз он ҳам амалӣ гашта истодааст, сар карда аз шаҳри Душанбеву Хуҷанду Панҷакент то Ашту Рашту Кӯлобу Бадахшон ва Оҳангарону Фарғонаву Самарқанду Бухоро ва ҳар куҷое, ки шеъри форсиву тоҷикӣ мақом дорад. Мутаассифона, соли гузашта имкони баргузории чунин маҳфил нашуд, вале соле пеш аз он баъди марги устод Муъмин Қаноат мо қарор додем, ки 20 –уми майро ҳар сол дар сари мазори ин ду шоири номдори миллат гузаронем ва онро ҳамчун рӯзи шеъри тоҷик унвон диҳем. Мехоҳем имрӯз маҳфиле бошад, ки дар он гуфтугӯ бо устодон Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат барпо гардад. Зеро ҳарду шоири ҳамақида, дӯст, бародар ва устоду шогирд буданд”.

Қироншоҳ Шарифзода дар давоми сухани худ аз устод Муъмин Қаноат дар бораи Лоиқ Шералӣ ва аз Лоиқ Шералӣ дар бораи Муъмин Қаноат овард. Устод Муъмин Қаноат гуфтааст: “Лоиқ ягона шоирест, ки кӯшидааст тамоми роҳҳо ва василаҳои тасвирро аз тасвири воқеӣ то тасвирҳои орифона, ошиқона ва риндона ба кор барад. Аз рӯйдодҳои хурду бузург ҳолат ва лаҳзаҳои мухталифро дар қолаби шеъри ноб ғазал, дубайтӣ, тарона дарорад”. Ҷавобан ба ин баҳои баланди устод Муъмин Қаноат устод Лоиқ Шералӣ дар як мусоҳибааш бо Додоҷон Атовуллоев ба “Комсомоли Тоҷикистон” гуфтааст: “Шоири номии мо Муъмин Қаноат, ки бевосита калима ба калима, ҳиҷо ба ҳиҷо, сатр ба сатр шеъри маро таҳрир кардааст, дар фанни шеър муаллими ман аст”. Устод Қироншоҳ Шарифзода Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноатро ду боли мурғи ҳумои шеъри тоҷик ва ду шаҳсутуни бинои андешаю тафаккури миллии тоҷик номид. Дар фарҷоми сухан устод Шарифзода профессор Иброҳим Усмоновро ташаббускори маҳфили “Лоиқхонӣ” ном бурда, аз Эшон хоҳиш кард то дар мавзуи “Тоҷикият дар ашъори Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат” нутқ ироа намоянд.

Профессор Иброҳим Усмонов оромгоҳи “Лучоб”-ро макони муқаддас ҳисобида, шахсони дар ин ҷо хуфтаро инсонҳои миллатсоз ва ватандӯсту меҳанпараст номид. “Устод Турсунзода ҳамчун давомдиҳандаи кори устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров барои ташаккули фикри миллии тоҷикӣ, ба вуҷуд овардани фаҳмиши миллӣ ва пойдории забони тоҷикӣ ба миллати тоҷик кори бисёре кардаанд. Яке аз хизматҳои бузурги устод Турсунзода дар он буд, ки ба Муъмин Қаноат ва пайравони ӯ имконият доданд, ки мавзӯи тоҷик, Тоҷикистон, тоҷикият ва мавзӯи таърихи Осиёи Миёнаро ба шеър биёранд. Ин шиорро устод Муъмин Қаноат бо бузургии ба худ хос аввалин шуда пеш бурд”. Профессор аз ҷашнгирии 50 – солагии Тоҷикистони шӯравӣ, ки моҳи октябри соли 1974 дар шаҳри Москва баргузор шудааст, ёдовар шуда, гуфт, ки дар он ҷашнвора ҳунарманди кино ва театри тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов як порча аз достони “Тоҷикистон – исми ман” – и Муъмин Қаноат хонда буд. Иброҳим Усмонов барои ҳозирин аз ҳамон достони Муъмин Қаноат порчаеро қироат намуд, ки таърихи куҳан доштани халқи тоҷик ва ноадолатиҳои таърихро нисбати ин халқ ифода мекард. Устод ин шеъри Муъмин Қаноатро як раҳкушое барои навиштан дар мавзуи таърихи халқи тоҷик номид. Баъдан аз хотироти худ як суҳбати худро бо шоири Афғонистон Сулаймон Лоиқ ёдовар шуда гуфт: “Соли 1983 моҳи феврал вақте дар Кобул будам, шоири машҳури Афғонистон Сулаймон Лоиқ  суҳбате доштем ва ӯ дар омади гап аз ман пурсид ки “Оё замоне мешавад, ки халқи тоҷик ба муқобили ҳукумати шӯравӣ исён кунад”? Гуфтам: “Асоси гуфтаҳои Шумо чист”? Гуфт: “Ман шеърҳои Қаноат, Лоиқ ва шогирдони онҳоро дар назар дорам”. Ман гуфтам: “На Қаноат, на Лоиқ ва на пайравони онҳо касе дар муқобили ҳукумати шӯравӣ нанавиштааст. Он чи ки онҳо гуфтанд ба муқобили таҳрифи таърихи халқи тоҷик, ки аз ҷониби баъзе шахсиятҳо, баъзе олимҳо садо медиҳад, равона шудааст”. Воқеан шеъре, ки устод Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ гуфтаанд дарди дили ҳазорсолаи халқи тоҷик аст”.

Ҳамин тавр, нависандагони халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад ва устод Сорбон ҳам аз лаҳзаҳои хотирмони дӯстиву ҳамкорӣ бо устод Лоиқ Шералӣ хотираҳо нақл карданд ва номи ӯро ба некӣ ёд оварданд. Намояндаи сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон ҳам дар навбати худ суханронӣ намуда аз маҳбубияти Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат байни тамоми форсизабонони дунё гуфт. Дар идомаи маҳфил хонандагони мактаб аз ашъори Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат шеъру ғазалҳо қироат карданд, ки воқеан ҳам шоистаи таҳсину офарин буд. Сафи зиёраткунандагони қабри Лоиқу Қаноат то рафт меафзуд ва онҳо дар баробари ин бар сари мазори дигар бузургони миллати тоҷик низ рафта, дар ҳақашон дуои хайр мекарданд.

Шодмон Кенҷаев

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.