Иди Қурбон рӯзи 11 август таҷлил мешавад

Тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ Иди Қурбон ё Ид-ал-Азҳо дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11-уми август таҷлил хоҳад шуд.

Дар ин қарор омадааст, ки намози ид дар масҷидҳои ҷомеаи Тоҷикистон соати 6.30-и вақти маҳаллӣ баргузор мешавад.

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *