Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ифтитоҳи «Гулистон» ва туҳфа ба ятимон (аксҳо)

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафар ба вилояти Суғд дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон»-ро ба истифода дод.

Иншоот аз ҷониби соҳибкор Абдусамӣ Раҳмонов бунёд шуда, аз чор ошёна иборат мебошад. Ошёнаи аввал барои хизматрасониҳои бонкӣ пешбинӣ гардидааст.

Инчунин,  Маҷмааи  «Гулистон» дорои ду тарабхона бо 100 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм меҳмонхона бо утоқҳои як, ду ва се нафара сохта шудааст.Феълан дар Маҷмааи «Гулистон» 25 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба 50 кӯдаки ятим туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.