Ифтитоҳи маркази ба номи Баҳриддин Камолиддинов дар ДМТ

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии забоншиноси маъруф, профессор Баҳриддин Камолиддинов конфронси илмӣ баргузор шуд. Ин олими маъруф соли равон баъди гирифторӣ аз бемории ҳамагири КОВИД-19 фавтид.

Дар конфронси мазкур, ки бо роҳбарии ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода баргузор шуд, олимони маъруф ва шогирдони профессор Баҳриддин Камолиддинов суханронӣ ва аз кору пайкори ӯ дар рушди илми тоҷик суҳбатҳо карданд.

Зикр гардид, ки профессор Баҳриддин Камолиддинов дар рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳми калон дорад ва тӯли фаъолияти хеш ҳамчун мудири кафедра, декани факултет ва муовини ректор дар равнақи донишгоҳ талош кардааст.

Дар идомаи кори конфронс дар факултети журналистикаи ДМТ синфхонаи таълимӣ — омӯзишии «Камоли сухан» ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов ифтитоҳ шуд. Дар ин маросим ректори ДМТ, профессор Хушвақтзода Қобилҷон ширкат намуда, таъсиси синфхонаи «Камоли сухан» -ро иқдоми нодир хонда, ба фарзандони устод Б. Камолиддинов изҳори сипос кард. Ба синфхонаи Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, шодравон Б. Камолиддинов китобҳои бадеӣ, асарҳои илмиву публитсистии устод аз сӯйи фарзандонашон тӯҳфа карда шудааст.

Дар рафти кушодашавии синфхона фарзанди устод Манучеҳр Камолиддинов зикр намуд, ки сабти силсила барномаҳои таълимии телевизионии «Ҳусни баён» — и шодравон Баҳриддин Камолиддинов, ки тариқи телевизиони «Баҳористон» пахш мешуд, рузҳои наздик ба синфхонаи «Камоли сухан» дастрас карда мешавад.

Синфхонаи «Камоли сухан» ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов бо дастгирии Раёсати ДМТ, садорати факултети журналистика ва ҳиммати фарзандони устоди зиндаёд созмон дода шудаст.

Инчунин, донишҷӯёни курси 3- юми факултети журналистика нашрияи идонаи махсус бо номи «Меҳри сухан»- ро ба табъ расонидаанд, ки пурра фарогири меҳрномаҳои шогирдони устод Баҳриддино Камолиддиновро дарбар мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *