Ифтитоҳи Маркази фарҳангию маърифатии русзабонон -“Созидание” дар Турсунзода

10-уми январи соли равон дар шаҳри Турсунзода Маркази фарҳангию маърифатии русзабонон -“Созидание” ифтитоҳ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки маркази мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Тоҷикистон, Ширкатҳои “Газпром”, “Мегафон” ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятию тиҷоратӣ мавриди баҳрабардории насли наврас қарор дода шуд.

Дар оғози чорабинӣ раиси шахри Турсунзода Акрамзода П.А. иброз дошт, ки бунёди Марказ идомаи мантиқиву маънавии ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия буда, нақши муҳими он тарбияи насли наврас дар руҳияи донишандӯзӣ, ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ ба ҳисоб меравад.

«Барои онҳое, ки бо Ҳукумати шаҳр ҳамкорӣ намуда, дар бунёди Маркази мазкур саҳми муносиб гузаштаанд, миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сокинони шаҳри Турсунзодаро мерасонем», — афзуд раиси шаҳр.

Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фралов И. С. дар рафти суханронии худ зикр намуд, ки ҷиҳати ҳамкории байнидавлатӣ дар самти фарҳангию маърифатӣ дар шаҳри Турсунзода боз як қадами устувор гузошта шуд ва ин иқдоми наҷиб дар идома низ густариш дода мешавад.

Инчунин, сафир гуфт, ки насли наврас дар ин маркази маърифатӣ ба донишандӯзӣ фаро гирифта шуда, дониши андӯхтаашон ҷиҳати идомаи таҳсил дар муассисаҳои олӣ заминагузорӣ намояд.

Дар ҷараёни чорабинӣ саҳмгузорони бунёди маркази “Созидание” бо “Ифтихорнома”-и Сафорати Россия дар Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом бошад, барномаи фарҳангӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр тақдими ҳозирин гардонида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *