Ифтитоҳи маркази таълимии Институти иқтисодиёт ва демография

Дар Душанбе маросими ифтитоҳи маркази таълимии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ карда мешавад, Хазинаи Нуфуси СММ (ЮНФПА) дар бинои Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази мукаммали таълимиро таъсис дод, ки бо таҷҳизоти компютерии дорои  барномаҳои муосири компютерӣ, чун (Eviews ва Stata) таъмин мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи маркази таълимӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семенович Лякин-Фролов, Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, Директори кишварии ЮНФПА Ю Ю (тариқи онлайн), Роҳбари дафтари UNFPA дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова, инчунин кормандони ташкилотҳои дар боло зикршуда ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

«Дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳамраӣ Русия  барои рушди Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи омори демографӣ, ки дар ташаккули сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурӣ барои солҳои оянда нақши калидӣ дорад, дастгирии бебаҳо мерасонад», — зикр намуд Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семенович Лякин-Фролов.

Маркази нави таълимӣ дорои таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, 16 адад компютерҳо, 2 адад принтер, системаи видеоконфронс, тахтаи интерактивӣ, проектор, инчунин кондитсионер ва мизу курсиҳои корӣ мебошад. Илова бар ин, ЮНФПА 16 литсензияи таъминоти барномавии STATA ва 16 литсензияи таъминоти барномавии  Eviews-ро ба даст овард.

Ҳамчун қадамҳои минбаъда, ЮНФПА барои таҳкими иқтидори таҳлилии шарикони миллӣ барномаҳои самараноки  омориро барои беҳтар намудани пешгӯиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ, воситаҳои моделсозӣ, коркарди маълумот, визуализатсияи омор ва ҳисоботи автоматӣ татбиқ менамояд. Дониши бадастомада барои таҳлил ва пешгӯии маълумот дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ барои гузаронидани тадқиқот / пурсишҳо истифода шуда,  баҳри таҳияи сиёсатгузории миллӣ дар асоси таҳлилҳо мусоидат мекунад.

Аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия барои дастгирии ин лоиҳа 2,15 миллион доллар ҷудо гардидааст.

Хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА) — Оҷонсии байналмилалии рушд буда, вазифаи он расонидани дунёест, ки дар он ҳар як ҳомиладорӣ матлуб, ҳар як тавлиди кӯдак бехатар ва иқтидори ҳар як ҷавон ба пуррагӣ иҷро карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *