Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ифтитоҳи се иншооти нав дар Душанбе

Бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар пойтахт се иншооти нав ба истифода дода шуд, хабар медиҳад котиботи Президент.

Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шоҳмансур “Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” ифтитоҳ шуд.

Тибқи гузориши котибот, ин таълимгоҳ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдураззоқ Саидов- муассиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Авитсена” бунёд шудааст.

Тибқи лоиҳа, “Литсейи рақами 4” барои 1440 нафар хонанда дар ду баст фаъолият хоҳад кард. Таълимгоҳ аз 4 бинои ба ҳам пайвасти 4-ошёна иборат аст.

Ҳамчунин, сиёсатмадорон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе”-ро ба баҳрабардорӣ расониданд.

Ин муассисаи таълимӣ низ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сохта шудааст.

Гимназияро роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” Акбар Ғуломов бо харҷи 42 миллион сомонӣ бунёд кардааст.

Манбаъ афзуда, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 100 то 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Иншооти сеюм ин бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад.

Масоҳати умумии он 3,4 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андоз, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй Комплекс” ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Проект инвест” будааст.

Иншоот аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.