Иконаҳои қадимаро дар Қурғонтеппа доштанд

Чанд икона ё тасовири қадимаи Исои Масеҳ, модари ӯ Марям, нишону ордерҳои сарисинагии ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватани дар шаҳри Қурғонтеппа қабл аз интиқол ба хориҷи кишвар  мусодира шудаанд.

Дар натиҷаи амалиёти фаврии кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як ҳолати хариду фурӯши ашиёҳои таърихӣ, аз ҷумла, як ордени  «Ситораи сурх» ва ордери «Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ» илова бар ин, 17 адад нишонаҳои сарисинагии гуногун будаанд мусодира шуд.

Икона ва нишонҳои сарисинагӣ аз Тағай Боимуратов, сокини 55-солаи шаҳри Қурғонтеппа мусодира шудаанд, ки ӯ мехост онҳоро ба шаҳрвандони Афғонистон дар шаҳри Қурғонтеппа фурӯшад, гирифта шуд .Аз ӯ  панҷ икона, ки дар он аксҳои Исои Масеҳ, ҳаргуна тасвир шудааст, ки дар даст китоб дорад ва пасманзари аксҳо тасовире бо ранги обию тилоранг , ки зоҳиран хело қадими мебошанд, мусодира карда шуд.

Абдуҷалил Муллоев, муовини Раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон имрӯз 8 август дар суҳбат  ин хабаро тасдиқ карда гуфт, ки:      “Ҳангоми фурӯш кормандони мо Боймуратовро  дастгир кардаанд, ки ӯ гӯё  нишонаҳои сарисинаги ва иконаҳоро надуздидаст ва аз нафароне, ки сзешонашон н мурдаанд пайдо кардааст» Тибқи иттилои расмӣ

ва  хулосаҳои мутахассисони Вазорати фарҳанг  иконаҳо хело қадими буда, арзиши бадеияшон бештар аз нишону ордерҳои сарисинагӣ будааст.

Раҳмоналӣ Давлатов, як сокини шаҳри Қурғонтеппа, ки ба зиндагии масеҳиёни минтақа ошнои дорад гуфт, ки русҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватани бо нишону медалҳо ба Қурғонтеппа омадаанд зиёд буда, икона дар хонаводаи масеҳиён ҷойгоҳи махсуси худро дорад: “Масеҳиён ва Котоликҳо пеши икона ё аксҳои паёмбарҳояшон таъзим мекунад ва эҳтиром мекунад, ин аксҳо дар ибодатгоҳо гузошта мешавад, имконаҳои қадима, аз вақти пайдоиши масеҳия барои як масеҳии содиқ арзиши зиёде дорад.”

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон гуфт, ки онҳҳо иконаҳо ва нишону ордерҳои сарисинагие, ки мусодира кардаанд ҳамроҳ бо парвандаи ҷиноие, ки алайҳи Тағай Боимуратов боз шудааст ба додгоҳи вилояти Хатлон фиристодаанд.

Дар ҳамин ҳол як масъули додситонии вилояти Хатлон дар суҳбат ба хабарнигор гуфт, ки алайҳи Тағай Боимуратов бар асоси моддаи 341-и Кодекси ҷиноӣ н парвандаро на ба додгоҳ, балеи ба Раёсати Умури дохила фиристодаанд. Агар парвандаи ҷиноӣ аз додгоҳ ба пулис равад, хусусияти контробанди дорад дар ҳамин ҳол як мақоми пулис гуфт, ки ба хотири хусусияти контробанди доштан парвандаи ҷиноӣ на ба додгоҳ балки ба идораи пулис фиристода шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *