Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Иловаҳо дар Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Аз 23 июли соли равон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳти №1331 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои 2121 ва 2122 бо мазмуни нав илова карда шуданд. Аз ҷумла моддаи 2121-Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт чунин таҳрир ёфт:
1. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад,
— бо ҷарима ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2.  Тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт,
— бо ҷарима ба андозаи аз  яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.
Инчунин, моддаи 2122-Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад,  минбаъд чунин хонда мешавад:
Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин аз  тарафи ин шахс барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе,  ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад,
-бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз сад то яксаду панҷоҳ соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Қонуни зикршуда 29 июли соли 2016 дар рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият» №150-152 (22 972-974) интишор гардида, мавриди амал қарор дода шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.