Имрӯз туман мефарояд

Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд.

Тавре Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон ва барф дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона  9+14 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 9-14 дараҷа  хунук ва рӯзона  0-5  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1  дараҷа гарм ва   рӯзона    7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, туман  мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9  ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона  7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 2+4   ва  рӯзона  15+17 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *