Имрӯз ҳаво тағйирёбанда мешавад

Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  

Тавре Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона  5-10 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм   ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст.    Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 2+4 дараҷа хунук ва  рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *