Имрӯз барф меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Дар шарқи вилоят барфи шиддатнок меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард шуда, ҳарорат  рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  14-19 ва рӯзона 4-9  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст.  Дар доманакӯҳҳо барфи шиддатнок меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе минтақаҳо то 10-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6  дараҷа сард мешавад. Ҳарорат рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва барф меборад. Дар баъзе минтақаҳо боридани барфи  шиддатнок дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 0-5 дараҷа гарм шуда, ҳарорат   рӯзона ба -1+4 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон  ва барф меборад. Дар доманакӯҳҳо  бориши шиддатноки борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона  ба -2+3 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе боридани борон ва барф  дар назар аст.  Ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *