Имрӯз борон меборад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз 5 май дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, шабона бебориш, нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмудат меборад. Гармии ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 28+30 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои камабр шуда, дар баъзе маврид борони кӯтоҳмудат дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ гардида, шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмудат меборад. Дар водиҳо гармии ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе маврид борони кӯтоҳмудат дар назар аст. Дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 26+31 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *