Имрӯз «Иди харбуза» баргузор мешавад

Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25- солагии Исиқлолияти давлатӣ аз  4 то 7 сентябр «Иди харбуза», «Иди асал» ва «Иди тарбуз» баргузор мегардад.

Тавре аз шуъбаи иттилоотии Вазорати кишоварзӣ  доданд, 4 сентябр соати 17:00 дар бозори «Пойтахт- 90» «Иди харбуза» ва 6 сентябр «Иди асал» баргузор гардида, намудҳои гуногуни харбузаву асал пешниҳоди меҳмонон ва сокинони пойтахт гардонида мешаванд.

7 сентябри соли равон низ дар Боғи «Дӯстӣ»-и пойтахт  баргузории «Иди тарбуз» дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин барои болида гардонидани хотири  меҳмонону сокинон дар ин рӯзҳо барномаҳои консертӣ доир мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *