Ин ҷинояткорони коррупсионӣ киҳо бошанд?!

1 авг – Sputnik.Бино ба гуфтаи раиси Додгоҳи вилояти Суғд Бахтиёр Оқилзода, дар нишасти хабарӣ, аз ҳама бештар кормандони идораи кишоварзӣ ва тандурустӣ, барои содир намудани ҷиноятӣ коррупсионӣ ҷазо гирифтаанд.
Дар қатори онҳо омори парвандаи мансабдорони судшуда кормандони ҳукумат, вазорати корҳои дохилӣ, идораи заминсозӣ ҳам шомил будаанд.

“Парвандаи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта нисбати 4 корманди вазорати корҳои дохилӣ, 2 корманди муассисаи ислоҳӣ, 1 корманди вазорати адлия, 2 нафар аз кумитаи андоз, 2 корманди кумитаи замин, 7 намояндаи мақомоти иҷроия, 14 корманди тандурустӣ, 5 корманди хоҷагии манзил, 1 нафар аз муҳити зист, 17 корманди кишоварзӣ ва 2 корманди бонк баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин нисбати 2 нафар корманди соҳаи саноат, 1 корманди соҳаи сохтмон, 1 корманди соҳаи нақлиёт, 3 нафар аз соҳаи алоқа, 25 соҳибкор ва 12 нафар аз дигар соҳаҳо, баррасӣ карда шудааст”, гуфт Оқилзода.
Маълумот дода шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли соли ҷорӣ аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои Суғд дар марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ дар умум 19 170 адад парвандаҳои граджданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.

Аз онҳо 1695 адад парвандаҳои ҷиноятӣ мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *