Ин бегоҳ марҳамат ба «Наврӯзгоҳ»

Имрӯз, 5 июни соли 2017, соати 18:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Душанбе  маскани зебоӣ ва озодагист» баргузор  мегардад.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода гуфтааст, ки  мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар   барномаи фарҳангӣ-фароғатии  мазкур маҳсули корҳои  дастӣ, ихтироъ ва навоварии донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ-техникии  пойтахт ва  дигар  дастовардҳои идораву муассисаҳои дахлдор  вобаста ба муҳити зист ба намоиш гузошта мешаванд.

Дар қисмати бадеии маҳфили идонаи  «Душанбе  маскани зебоӣ ва озодагист» ҳунарнамоии санъаткорони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки  барномаи фарҳангӣ фароғатии мазкур  тибқи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист роҳандозӣ гардида,   он бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи то соли 2020, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани 45-умин солгарди Рӯзи байналмилалии муҳити зист нигаронида шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *