Ҳиндустон: Раҷо зани 5-бародар шуд

Бонуи 21-солаи ҳинду Раҷо Верма аз деҳоти шимолии Ҳиндустон панҷ шавҳар дорад.

Дар ин кишвар ин ҳодисаи нодир нест, вале зани панҷ бародари ҳамхун будани ин хонум мардуми таҳҷоиро ба ҳайрат овардааст. Ҳиндузан бо навбат шабҳоро бо бародарон рўз мекунад, аз ин лиҳоз кӣ будани падари писарашро намедонад. Раҷо ва шавҳари якумаш Гурду, ки ҳамсолаш аст, чор сол қабл оиладор шуда буданд. Аз ҳамон вақт инқониб ин бонуро Байҷуи 32- сола, Санти 28-сола, Гопали 26 сола ва Динеши 19- сола ба занӣ гирифтаанд. Шавҳари ягонаи расмии Раҷо-Гурду заррае рашк надорад ва оилаашонро хушбахт мешуморад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *