Қирғиз бо 21 тонна пиёзи Тоҷикистон боздошт шуд

Хадамоти мубориза бо ҷиноёти иқтисодии Қирғизистон аз қочоқи 21,2 тонна пиёз аз Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи  иттилои дафтари матбуоти ин Хадамот, миқдори зиёди пиёз ҳангоми як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар рустои Бешкенти ноҳияи Лайлак, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ошкор шудааст: «Кормандон ҳангоми аз назар гузаронидани боркаши “ДАФ” зери идораи “Н.Д.”, шаҳрванди Қирғизистон 21,2 тонна пиёзи дар эъломия сабт нашуда, ки маблағи умумии он 148,4 ҳазор сом (2212 доллар)-ро ташкил медиҳад, ошкор сохтанд». 
Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *