Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

IRS: Вазъи осебдидагон беҳбуд ёфтааст

Ширкати IRS, ки хизматрасонии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад, аз беҳбуди вазъи саломатии се корманди он хабар дод.

Ин афрод имрӯз, 2 январ бар асари фаромадани тарма осеб дида ва дар бемористон бистарӣ шуда буданд.

Далер Мерганов, сухангӯи ширкати “IRS” зимни сӯҳбат бо сомонаи “Pressa.tj” гуфт, ки ҳодисаи тармафароӣ талафоти ҷонӣ надоштааст.

Вай афзуд, мусофирони дар роҳ бандмондаро кормандони ширкати “IRS” ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар меҳмонхонаи ширкат ҷойгир намуда барояшон шароити заруриро муҳайё намуданд.

Зимнан, дар километрҳои 62 ва 69 шоҳроҳи мошингарди  Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар Майхӯраи ноҳияи Варзоб бар асари бориши барфи зиёд роҳи мошингарди Душанбе- Хуҷанд баста шуд ва  120 нафар мусофир  дар роҳ банд монданд.

Ба иттилои манбаъ,  айни замон кормандони ширкати “IRS” ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дидбонгоҳи Майхура, километри 62 қарор доранд, мавзеъҳои мазкурро аз барф тоза мекунанд.

Барои таъмини амнияти ронандагон дар роҳҳо наҷотдиҳандагони воҳидҳои вокуниши сареъи Кумита навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд. Ин тадбир барои пешгирӣ ва сари вақт расидан ба ҳодисаҳои фавқулода дар роҳҳо заруранд.

Дар иртибот ба тағйири обу ҳаво, фаро расидани сардиҳо, бориши барф, вазиши бодҳои сарду сахт Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез, роҳҳои душворгузари кӯҳӣ худдорӣ намоянд ва ронандагон беш аз ҳар вақти дида эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.