Исфара: Чиптафурӯшро ғорат карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохила ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара марди 51-солаи сокини шаҳри мазкур, фурӯшандаи чиптаҳои ҳавопаймоӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2017 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ, воқеъ дар кӯчаи Марказии шаҳри Исфара гардида, аз онҷо 5 ҳазор сомонӣ маблағро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани ҷинояти дуздии мазкур дастгир карда шуд.

Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *