Исфара: Гунаҳгорони моҷаро дар сарҳад киҳоянд?

 Тавре аз Дафтари матбуотии Қушунҳо сарҳадии Тоҷикистон хабар доданд, 22-уми январи соли ҷорӣ соати 17:10 дақиқа дар минтақаи наздисарҳадии маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чорқӯҳи шаҳри Исфара, 3 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Амаков Ёсинҷон Юнусҷонович, соли таваллудаш 1985, Хайруллохони Ализода соли таваллудаш 2000 ва Шарипов Муслиҳиддин, соли таваллудаш 2001 сол, ки сокинони маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чорқӯҳи шаҳри Исфара мебошанд, пас аз мусобиқаи варзишии футбол ба хонаҳои истиқоматии худ бармегарданд.

Зимни бозгашт ва гузаштан аз деҳаи Кок-Тоши ҶҚ шаҳрвандони ҶТ аз тарафи як гурӯҳи 15 нафараи шаҳрвандони ҶҚ бе ягон асос зери лату куб қарор мегиранд.

Боиси ёдоварист, ки барои вуруд шудан ба маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара шаҳрвандони ҶТ тариқи деҳаи Кок-Тоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Ботконти Ҷумҳурии Қирғизистон мегузаранд.

Баъди чунин ранг гирифтани ҳодиса шаҳрвандони ҶТ барои кӯмак ба нозири минтақавии маҳаллаи Сомониён ва Хоҷа-Аъло хабар мерасонанд. Дар натиҷа кормандони милитсияи Шӯъбаи ВКД-2 дар шаҳри Исфара саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сади роҳи муноқиша мегарданд, аммо шаҳрвандони ҶҚ, ки дар онҷо ҷамъ шуда буданд худи онҳоро низ сангсор намуда шишаҳои 3 адад автомашинаҳои кормандони мазкурро мешикананд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамзамон ба ҷойи ҳодиса сардори ДС-и “Душанбе”  ОС-и “Исфара” ҳозир мешавад ва барои ҳаллу фасли муноқиша сардори ДС-и “Кок-Тош”-и ҶҚ-ро даъват мекунад, аммо дар вақти ҳаракат ба сӯӣ якдигар шаҳрвандони ҶҚ сардори дидбонгоҳи сарҳдиро низ сангсор мекунанд, ки дар натиҷа аз дасти росташ ҷароҳати сабук мебардорад.Дар инҳолат як автомашинаи сабукрави тамғаи “Матиз”, ки ба шаҳрванди ҶТ таалуқ дошт дар вақти ҳаракат аз тарафи Зарафшони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба самти деҳаи Кок-Тоши ҶҚ зери сангбор қарор гирифта шуд дар натиҷа ҳамаи шишаҳои автомашина шикаста мешавад ва худи ронанда бе ягон зарари ҷисмони бо автомашинааш аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Ҳамчунин ҳангоми сангсоркуни шаҳрвандони ҶҚ манзили истиқоматкунандаи шаҳрванди ҶТ  Холикбердиев Нозим Расулович, ки бевосита дар хати сарҳади давлатӣ ҷойгир мебошад, болопӯш ва шишаҳои тирезаи хонаашро ба хароби оварда мерасонанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони оперативии ОС-и “Исфара” муайян карда шуд, ки ташкилкунандагони муноқишаи сарзада вакили маҳаллаи деҳаи Кок-Тоши ҶҚ Розия Усарова ва сокини деҳаи номбурда Хурамов Зайниддин ном шахс мебошанд. Мувофиқи маълумотҳои воридшуда шоми худи ҳамон рӯз  Хурамов Зайниддин бо писарони худ, ки дар ҳолати масти қарор доштанд шаҳрвандони ҶТ, ки аз майдони варзишӣ бармегаштан лату куб менамоянд.

Ҳамчунин аз тарафи ҷабрдидагон, яъне шаҳрвандони ҶТ ба ҷойи ҳодиса даъват кардани кормандони милитсия аз ҳодисаи кор шаҳрванди ҶҚ Розия Усарова хабардор шуда, иловатан ба ҷойи ҳодиса ҷавонони деҳаи Ақ-Татири ҷамоати деҳоти Равоти ҶҚ-ро даъват мекунад. Ҳангоми ҷамъ шудани шумораи зиёди шаҳрвандони ҶҚ дар ҷойи ҳодиса муноқишаи мазкур авҷ мегирад. Сипас ба ҷоий ҳодиса Раиси ноҳияи Боткони ҶҚ Салихов Кениш Каримович, сардори отряди сарҳадии “Боткон” подполковник Ниязбеков Эргеш ва сардори ШВКД ноҳияи Боткон ҳозир шуда бо мардуми ҷамъшудаи қирғиз корҳои фаҳмондадиҳи гузаронда, вазъро таҳти назорат мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки вакили маҳаллаи деҳаи Кок-Тоши ҶҚ Розия Усарова иғвогари асосии деҳаи мазкур мебошад. Розия Усарова бо истифода аз мавқеъи дар ҷомеъа ишғол намудааш пайваста дар минтақаҳои наздисарҳади миёни шаҳрвандони ҳарду ҷониб муноқишаҳо ба амал меорад. Мақсади асосии амалҳои иғвоангезонаи Розия Усарова ин куч бастани шаҳрвандони ҶТ сокинони маҳаллаи Сомониён ва ё аз ҷониби онҳо қабул намудани шаҳрвандии ҶҚ мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *