Ишкошимро ҷабҳаи миллӣ аз тасарруфи «Толибон»* озод кард

Манбаъ дар вилояти Бадахшони Афғонистон аз даргирии миёни нерӯҳои муқовимат ва ҷангҷӯёни гурӯҳи “Толибон” хабар додааст

Бино ба гузоришҳои таъйиднашуда, дар вулусволии Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон миёни “Толибон” ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд задухӯрдҳои шадид сурат гирифтаанд.

Тоҷуддин Сурӯш, яке аз манобеи бахши Sputnik Афғонистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ба ӯ низ иттилоъ доданд, ки “Толибон”* барои бозпасгирии минтақаҳои аз дастдодаашон аз минтақаи Файсалобод ба вилояти Бадахшон нерӯи изофӣ мефиристанд.

Ҳамзамон манбаъ қайд кард, ки ноҳияи Ишкошим аз ҷониби нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат комилан аз вуҷуди “Толибон”* поксозӣ шудааст, аммо то ҳол на Ҷабҳаи муқовимат ва на гурӯҳи “Толибон”* ин хабарҳоро тасдиқ накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Панҷшер, ягона вилояте аз Афғонистон аст, ки қисме аз он хориҷ аз контроли «Толибон»* мебошад ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии бо раҳбарии Аҳмад Масъуд бар он тасаллут дорад.

Ҳангоми ҷанг бо «Толибон»* нерӯҳои ҷабҳа маҷбур шуд ба кӯҳҳо ақибнишинӣ кунад, дар ҳоле ки гуфта мешавад, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз 60 то 65 дарсади Панҷшерро таҳти назорат худ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *