Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Исмоили Муҳаммадзоир ба модару духтари муҳтоҷ хона дод (видео)

“Соҳибони ферма маро дашномҳои қабеҳ медиҳанд. Бе кафан, бе Ватан ва бе соҳиб гуфта, таҳқир менамоянд…”, -мегуфт Муҳаррам Очилова, сокини шаҳри Турсунзода.

Исмоили Муҳаммадзоир, соҳибкори 20-солаи тоҷик ба ду оилаи зодаи шаҳри Турсунзода, ки дар шароити вазнин зиндагӣ доштанд, хона туҳфа кард.

Исмоили Муҳаммадзоир

Чанде пеш сомонаи oila.tj аз зиндагии пуразобу пурмоҷарои сокини деҳаи Файзободи шаҳри Турсунзода Муҳаррам Очилова видеое омода карда буд. Гуфта мешуд, ки Муҳаррам Очилова ва духтари 24-солааш чандин сол боз дар як фермаи чорводорӣ дар байни мору каждумҳо умр ба сар мебаранд ва соҳибони ферма ҳар рӯз онҳоро дашному таҳқир карда, аз фермаҳояшон рондан мехоҳанд.

Тавре ки Муҳаррам Очилова гуфтааст: “Бовар кунед, вақтҳое мешаванд, ки се-чор рӯз нони хӯрдан наёфта, гушна мешинем. Ман ба ҳамааш тоқат мекунам, вале дигар тоби бардоштани суханони талхи соҳибони фермаро надорам. Онҳо манро, як зани қариб 60-соларо дашномҳои қабеҳ медиҳанд, худам ва ҳатто модари раҳматиамро ҳақорат мекунанд. Бе кафан, бе Ватан ва бе соҳиб гуфта, таҳқир менамоянд…”

Пас аз нашри матлаб хайрхоҳон аз дохилу хориҷи кишвар ба рӯзгори ин оилаи камбизот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо ташаббуси Исмоили Муҳаммадзоир Муҳаррам ва духтараш соҳиби хона гардиданд.

Хонаро ба ин муҳтоҷон аз номи Исмоили Муҳаммадзоир, ки соҳибкор ном бурда мешавад, намоянда аз мақомоти шаҳри Турсунзода туҳфа кардааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj