“Истаравшан” – дастаи 83-сола бо 13267 мухлис дар ҷойи 6-ум

Дастаи “Истаравшан” аз рӯйи ҳозир шудани мухлисон ба варзишгоҳ  дар ҷаҳон мақоми шашумро соҳиб гашт. Дар ин бора иттилоъ медиҳад сомонаи TRANSFERMARKT.

ТОП 10 – тими футболе, ки дар 2021 аз рӯйи ташрифории мухлисон ҷой гирифтаанд инҳо мебошанд:   

 1. Гуанчжоу бо 28059 мухлис.

 2. Атланта бо 20335 мухлис.

 3.  Зенит С — ПБ бо 18937 мухлис.

4. D. N. H Nam Dinh бо 15000 мухлис.

5.  Ростов бо 13689 мухлис.

6  ФК. Истаравшан  бо 13267 мухлис.

7.  Лех бо 12886 мухлис.

8.  Фейеноорд бо 10 833 мухлис.

9. Легия Варшава бо 10500 мухлис.

10. Х.К. Саппоро бо 10243 

Дастаи футболи “Истаравшан” 20-уми  июни соли 1938 таъсис ëфтааст, ки он замон номи «Спартак» — и Ӯротеппаро дошт. Баъдан бо мурури замон се маротиба («Трикотажник»,  «Ӯротеппа»,  «Истаравшан») номи худро иваз кард.

Яке аз мухлисони ашадии ин тим,  Маннон Махсумов мегӯяд: «Номи дастаи «Истаравшан»-ро бояд бо «Куҳаншаҳр» иваз намуд. Зеро назар ба «Истаравшан» — и Истаравшан ном бурдан, «Куҳншаҳр» — и Истаравшан номидан маънӣ медиҳад». Ҳамчунин ӯ пешниҳод  намуд, ки «варзишгоҳи марказии шаҳр -«Истаравшан Арена» ба номи қаҳрамон ва ҳокими таърихии шаҳр Рустамбек «Рустамбек Арена» иваз карда шавад».

Аввалин бозии ин тим, 20-уми июни соли 1938  бо дастаи «Ирригатор» — и Конибодом баргузор мегардад, ки дар он «Спартак» — и Ӯротеппа бар ҳисоби 5:3 ғолиб меояд.

83 сол мешавад, ки тими  «Истаравшан»  дар мусобиқаҳои футболи Тоҷикистон бозӣ дорад. Дар таърихи футболи Тоҷикистон кам дастае вомехӯрад, ки зиëда аз 83 сол фаъолият намуда бошад.

Ëдовар мешавем, ки  соли сипаришуда, капитани даста Илҳом Баротов дар чемпионати Тоҷикистон байни Лигаҳои олӣ унвони беҳтарин нишонзанро соҳиб гашт.

Дар чанд соли охир тими «Истаравшан» аз рӯйи ташрифи зиëди мухлисон ба варзишгоҳ дар ҷумҳурӣ  мақоми аввалро соҳиб аст.

Бояд қайд намуд, ки дастаи «Истаравшан» нахустин  тимест, ки аз Тоҷикистон  дар   ҷадвали даҳгонаи беҳтарин  қарор гирифт.

Абдуғаффор Шодиев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *