Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Истеҳсоли 160 ҳазор ниқоб давоми як рӯз дар Тоҷикистон, он ба куҷо меравад?

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут-2000» ва корхонаи истеҳсолии «Тоҷтекс», ки ба духтани либосҳои муҳовизати ва ниқоб машғуланд шинос шуд. Гуфта мешавад, ки истеҳсоли якрӯзаи ниқоб дар ин корхонаҳо ба 160 ҳазор мерасад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» 160 нафар, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут-2000» наздики 200 нафар ва дар корхонаи истеҳсолии «Тоҷтекс»  50 нафар аз шумораи  умумии кормандон ба дўхти ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои сокинону табибон машғуланд.

Тибқи маълумоти расмӣ,  ҳоло қариб  20 корхонаи саноатии мамлакат дар як шабонарўз зиёда аз 160 ҳазор дона ниқоби тиббӣ ва ба миқдори зарури либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои табибону сокинон истеҳсол  мекунанд.

Тавре ба назар мерасад пас аз хуруҷи каронавирус дар Тоҷикистон нархи дорувори ва ниқоб ба мароти боло рафт. Пас истаҳсоли 160 ҳазор ниқоб дар як рӯз ба куҷо меравад?

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj