Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Истиқлол” Нуриддин Давроновро “иҷора” гирифт

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Нуриддин Давронов, собиқ нимҳимоятгарашро аз дастаи “Дунав”-и Булғористон барои бозӣ дар ҳайати даста то охири моҳи июл ба иҷора гирифтааст.
Ба гуфтаи сухангӯи бошгоҳи  “Истиқлол” Рустам Ҳакимов  ин дар пайи гуфтушуниди раҳбарияти “Истиқлол” ва “Дунав” мувофиқа шудааст. Давронов таҳти рақами 8 то моҳи июли соли равон дар ҳайати “Истиқлол” бозӣ мекунад.
Нуриддин Давронов моҳи июни соли 2016 бо даъвати бошгоҳи футболи  “Дунав”-и Булғористон аз “Истиқлол” ба ин даста гузашта буд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.