Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазири адлия: Истифодаи пасвандҳои русӣ дар Тоҷикистон манъ шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро қабул намуд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии Парлумони кишвар гуфт, ки мақсади асосии лоиҳаи Қонуни мазкур дар амал ҷорӣ намудани номгузории фарзандон дар доираи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, минбаъд пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар насаб истифода намудани пасвандҳои – ов, — ова, — ев , — ева ва дар номи падар истифодаи пасвандҳои — овна, — евна, — ович, — евич пурра манъ карда мешавад.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи қонун гуфт, ки ин нисбати он шахсоне, ки аллакай шаҳодатномаи таваллуд бо зикри “вич”, “ов”, “ев”, “ева”, “овна”-ро дар насаб ва номи падарашон гирифтаанд, татбиқ намегардад ва бо худи ҳамон номҳо метавонанд шиноснома гиранд.

Номбурда гуфт, минбаъд дар насаби кӯдакони навзод ҳангоми додани шаҳодатнома ов, ова, ев, ева сабт карда намешаванд ва ба ҷойи он пасвандҳои «пур», «духт», пасвандҳои «ӣ», «зод», «зода», «он», «ён», «иён», «ёр», «ниёр», «фар» истифода шаванд.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Бобочон 01.05.2020 01:27

    . Чахон бо корона вирус мубориза мебарад, парлумони мо бо фамилия. Ха. Ха. Ха

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.